Ноябр 10, 2019 13:36 Asia/Dushanbe
  • Захарова:Аврупо дар БАРҶОМ нотавонии худро ба Эрон нишон дод

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия шанбешаб аз сиёсатҳои зиддиэронии Амрико ва ҳамчунин нотавонии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳудоти барҷомиашон ба шиддат интиқод кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Мария Захарова сиёсати Амрико мабнӣ бар муқобила бо Эронро мухарриб ва кутаҳбинона баршуморд ва гуфт, фурупошии эҳтимолии БАРҶОМ дар натиҷаи хуруҷи ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико аз ин тавофуқи байналмиллалӣ ва нотавонии шарикони аврупоӣ дар таъмини шароите, ки ба Эрон пешниҳод шуда буд руй хоҳад дод.

Захарова тасреҳ кард, фурупошии БАРҶОМ як гузинаи бисёр номатлуб аст.

Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ (8 майи 2018) ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо ба рағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун мувафақияте дар иқдомоти амалӣ ваъда дода шуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон 8 майи 2019 як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ эълом кард бахше аз тааҳудоти барҷомии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ муаллақ мекунад.

Эрон то кунун дар 4 гом аз тааҳудоти барҷомиаш коста ва бо таъкид бар идомаи коҳиши тааҳудоти барҷомии худ тасреҳ кардааст ин иқдомот дар сурате, ки шарикони БАРҶОМ гомҳои лозимро барои ифои тааҳудоти худ бардоранд ба суръат қобили бозгашт ҳастанд.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БАРҶОМ дар сурати пойбанд набудани тарафи муоқбил ба тааҳудоташ Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.

 

Барчасп