Ноябр 10, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор ба бӯҳронӣ шудани раванди интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Бунёди интихоботи шаффофи Афғонистон ба бӯҳронӣ шудани раванди интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳушдор дод.

Ин бунёд ба унвони ниҳоди нозир бар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон имрӯз дар баёнияе эълом кард, бозшумории бахше аз раванди раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ нақзи қонуни интихобот аст.

Бар асоси ин баёния, ҳар навъ эътибордиҳӣ ба раъйҳо бидуни истифода аз дастгоҳи биометрӣ, ки қабл ва баъд аз соатҳои раъйгирӣ дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, 28-уми сентябр гирифа шудааст, заминаро барои напазируфтани натоиҷи интихобот аз сӯи ситодҳои интихоботӣ фароҳам мекунад.

Нигаронии ниҳоди нозири интихоботи Афғонистон дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ситодҳои интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Гулбидин Ҳикматёр ва Раҳматуллоҳ Набил, номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон назорат бар бозшумории раъйҳои интихоботро таҳрим кардаанд.