Сентябр 26, 2016 18:59 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми аносури фирории ДИИШ дар Ироқ

Бо пирӯзиҳои паёпайи нерӯҳои ироқӣ дар шимоли ин кишвар, гурӯҳи террористии ДИИШ ҳафт тани дигар аз аносури фирории худро ба қатл расонд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Шафақ нюзи Ироқ, гурӯҳи террористии ДИИШ ҳафт тан аз аносури худро, ки аз Шарқот дар шимоли устони Салоҳиддини Ироқ гурехта буданд, бо дастҳо ва поҳои баста дар майдони марказии шаҳри Мӯсл бо булдозер ба қатл расонд.

Чанд рӯзи пеш низ гурӯҳи террористии ДИИШ дар иқдоме саркардаи низомии худ Абу Ҳамза Либӣ ва 16 тан аз ҳамроҳонашро ба ҷурми фирор аз ҷанг дар минтақаи Алшарқот зинда зинда дар оташ сӯзонда буд.

Нерӯҳои ироқӣ ҳафтаи гузашта бо дастури Ҳайдар Ибодӣ- нахуствазири Ироқ, амалиёти озодсозии минтақаи Шарқотро оғоз карданд.

Телевизиони давлатии Ироқ рӯзи панҷшанбеи гузашта, бо эъломи барафрошта шудани парчами Ироқ бар фарози  бинои фармондории шаҳристони Алшарқот, озодии ин шаҳрро эълом кард.

 

 

 

Барчасп