Ноябр 20, 2019 14:43 Asia/Dushanbe
  • Такзиби гузориши саркуби мусулмонон аз сӯи давлати Чин

Пекин гузориши як рӯзномаи амрикоӣ дар бораи поймолсозии ҳуқуқи башар мусулмонон дар минтақаи худмухтори Синхян-ро беасос хонд.

Ба нақл аз ИРНО, Гонг Шувонг сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар Пекин зимни маҳкум кардани гузориши рӯзномаи амрикоии Нию ЙоркТаймз бидуни инкори асноди мунташишуда онро тафсири омидона ва нодуруст хонд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард, ки мавзӯи Ӯғюрҳой масъалае дохилӣ аст ва Амрико ҳақи дахолат дар минтақаи худмухтор ва мусулмоннишини Синхянро надорад.

Шувонг ҳамчунин гуфт, ки он чи давлати Чин анҷом медиҳад рабте ба мазҳаб, ҳуқуқи башар ва мавзӯи ақалиятҳо надорад.

Рӯзномаи амрикоии НиюЙоркТаймз рӯзи шанбе бо истинод ба асноде, ки аз як манбаи дохилии давлати Чин ба даст оварда буд гузоришеро аз сиёсати Пекин дар баробари боздошти умумии мусулмонони Ӯғюр мунташир кард.

Бахши зиёде аз ҷамъияти худмухтори Синхян дар шимоли ғарби Чинро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Барчасп