Ноябр 21, 2019 19:48 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Лавров бо мавзеи Амрико дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ

Вазири умури хориҷаи Русия, бо мавозеи Амрико дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ мухолифат кард.

Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (панҷшанбе) гуфт, изҳороти Майк Пампео, вазири хориҷа Амрико дар бораи қонунӣ будани сохту сози шаҳракҳои исроилӣ дар арозии хусусии фаластиниҳо, бо қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милал дар тазод аст ва мунҷар ба бунбаст дар музокироти созиш мешавад.

Пампео чанде пеш гуфта буд, ки давлати Амрико аз ин пас шаҳраксозии Исроил дар Каронаи бохтарии рӯди Урдунро нақзи қавонини байналмилалӣ намедонад.

Ҳимояти Амрико аз шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои Фаластин бо эътироз ва интиқоди фаластиниҳо, Иттиҳоди Аврупо, Парлумони арабӣ ва шуморе аз кишварҳои дигар рӯбарӯ шудааст.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид 23 декабри 2016 бо тасвиби қатъномаи 2334 аз режими саҳюнистӣ хост, ба таври комил, ҳамаи фаъолиятҳои шаҳраксозии худро дар манотиқи фаластиннишин мутаваққиф кунад.

 

Барчасп