Ҳушдори раисҷумҳури Чин дар хусуси хатари ҷиддӣ барои иқтисоди ҷаҳон
(last modified Fri, 22 Nov 2019 15:19:56 GMT )
Ноябр 22, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раисҷумҳури Чин дар хусуси хатари ҷиддӣ барои иқтисоди ҷаҳон

Раисҷумҳури Чин дар дидор бо Кристалина Георгиева, мудири Сандуқи Байналамилалии Пул дар Пекин ҳушдор дод, иқтисоди ҷаҳон бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ аст.

Ба гузориши ИРНА, Си Ҷи Пин имрӯз дар ин дидор бо ишора ба ин ки иқтисоди ҷаҳонӣ ба далели кунд шудани рушди иқтисодӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст, ифои нақши бештари Сандуқи Байналмилалии Пул дар ин заминаро хостор шуд. Раисҷумҳури Чин ибрози умедворӣ кард, Сандуқи Байналмилалии Пул ҳамчунон дар дастури кори ҷаласаи тиҷорати ҷаҳонӣ нақши муҳиме ифо ва ба тавсеаи назми байналмилалӣ ба самти одилонатар кумак мекунад. Мудири Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам гуфт, ин созмон ба ҳамкорӣ бо Чин идома медиҳад. Кристалина Георгиева бидуни ном бурдан аз кишвари хосе гуфт, агарчи баъзе кишварҳо таниши тиҷорӣ эҷод мекунанд ва иқтисоди ҷаҳон дар даврони сахте қарор дорад, аммо ин ниҳод қотеона аз тиҷорати озод ва муносиботи тиҷории сулҳомез ҳимоят мекунад.

Мудири кулли Сандуқи Байналмилалии Пул ба манзури баргузории чаҳорумин мизи гирди 6+1-и Чин ва созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молии ҷаҳон ба Пекин сафар кардааст.