Сентябр 26, 2016 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамапурсӣ ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии Озарбойҷон

Ҳамапурсӣ ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз соати 8-и субҳи имрӯз, ба вақти маҳаллӣ дар саросари ин кишвар оғоз шуд. Қарор аст, чаҳорумин ҳамапурсии таърихии Ҷумҳурии Озарбойҷон то соати 19-и имрӯз, 26 сентябр идома дошта бошад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА аз Боку, аз ҷамъияти наздик ба даҳмиллионнафарии Ҷумҳурии Озарбойҷон панҷ миллиону 93 ҳазору 289 нафар ҳаққи ширкат дар ин раъйдиҳиро доранд.

Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар гузориши ахири худ эълом кард, 117 нозири байналамилалӣ аз 33 кишвари ҷаҳон ва бархе ниҳодҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо, Маҷмаи парлумонии ИДМ, Маҷмаи парлумонии Анҷумани кишварҳои туркзабон чигунагии раванди ҳамапурсии ислоҳи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Озарбойҷонро назорат хоҳанд кард. Беш аз 53 ҳазор нозири маҳаллӣ низ барои назорати ҳамапурсӣ дар комиссияҳои интихоботии Ҷумҳурии Озарбойҷон сабти ном шудаанд. Барои ҳузури шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки муқими кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, 38 ҳавзаи интихоботӣ дар намояндагиҳои дипломатии Озарбойҷон дар хориҷ аз ин кишвар эҷод шудааст. Ба далели муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ ҳамапурсӣ ҷиҳати тағйири Қонуни Асосӣ дар ин минтақа ва чанд ноҳияи ҳамсояи он баргузор намешавад.

Тарҳи пешниҳоднамудаи раисҷумҳури Озарбойҷон дар бораи ислоҳи Қонуни Асосӣ шомили ислоҳи 23 модда ва изофа шудани шаш моддаи ҷадид ба Қонуни Асосӣ аст. Ҳамапурсии ислоҳи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле оғоз шудааст, ки эътирозҳои аҳзоби мухолиф, бавижа аҳзоби ғарбгаро ва Ҳизби Ислом тайи ду ҳафтаи гузашта ба ҷое нарасид. Ҳол он ки ҳокимияти Боку аҳзоби фаъоли кишварро вазифардор кардааст, то танҳо аз тарафдорони худ барои мушорикат дар роҳпаймоиҳо даъват ба амал оваранд. Идораи рӯҳонияти мусалмонони Қафқози Ҷумҳурии Озарбойҷон, ахиран, бо интишори як баёнияи қобили тааммул таъкид кард, аҳзоб аз даъвати муъмнини озарӣ барои ширкат дар роҳпаймоиҳо худдорӣ кунанд, зеро муъминони озарӣ ба ҳама аҳзобу ақшори ҷомеа, аз ҷумла ҳокимияти Боку тааллуқ доранд ва набояд дар умури сиёсӣ мушорикат дошта бошанд. Ба ҳар ҳол, роҳпаймоиҳои аҳзоби мухолиф, бавижа аҳзоби ғарбгаро дар шароите баргузор шуд, ки ниҳодҳои ба истилоҳ мудофеи ҳуқуқи башари ғарбӣ сукут ихтиёр карда, аз мавзеъгирӣ алайҳи ҳокимияти Боку худдорӣ кардаанд. Вокуниши Шӯрои Аврупо ба ҳамапурсии ислоҳи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ чандон ҷиддӣ ва таъсиргузор набуда, сирфан эътирозе ба иқдоми ҳокимияти Боку бар рӯй коғаз будааст.

Ногуфта намонад, ки соли 1995 нахустин Қонуни Асосии Ҷумҳурии Озарбойҷони мустақил ба тасвиб расид. Дар пайи он Қонуни Асосии Ҷумҳурии Озарбойҷон ду бор, дар солҳои 2002 ва 2009 тағйир кард. Ба гуфтаи мухолифон, тағйироти 29-гона дар Қонуни Асосии пешниҳодкардаи Илҳом Алиев метавонад ҳокимиятро дар хонаводаи Алиевҳо ниҳодина кунад. Дар чанд маврид аз ин тағйирот ин имкон барои Ҳайдар Алиев, фарзанди Илҳом Алиев фароҳам хоҳад шуд. Ду маврид аз ин тағйирот, коҳиши ҳадди ақали синни номзад ба намояндагӣ аз мардум дар парлумон аз 25-солагӣ ба 18-солагӣ поин оварда шуд ва низ синни ҳадди ақали номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ 18-солагӣ муқаррар шудааст. Як тағйири дигар низ муддати давраи раёсатҷумҳуриро аз панҷ сол ба ҳафт сол афзоиш медиҳад. Ба бовари мухолифон, Ҳукумати Боку замоне ки Ҳайдар Алиев ба 22 ё 23-солагӣ мерасад, интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва чанд сол пас аз он низ, дар соли 2020 интихоботи парлумонӣ баргузор хоҳад кард. Ба эҳтимоли зиёд ин тағйирот дар Қонуни Асосӣ мусавваб хоҳад шуд ва барои он низ орои қадре беш аз 25 дарсад аз панҷ миллиону 120 ҳазор нафар раъйдиҳандаи воҷиди шароит лозим аст. Дар муқобили ин бовари мухолифони ҳукумат тарафдоронаш изҳор медоранд, ки ин тағйирот барои ҷавонони босавод ва ояндадор шароит фароҳам мекунад ва ин низ бахше аз ислоҳоти ҳукумат дар заминаи давлатмадорӣ аст.

Ҳайдар Алиеви сонӣ, фарзанди Илҳом Алиев, набераи Ҳайдар Алиев, раисҷумҳури фақиди Озарбойҷон ҳамакнун дар Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳсил мекунад.