Наздик шудани як шаҳобсанги калон ба замин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48555-Наздик_шудани_як_шаҳобсанги_калон_ба_замин
Созмони фазоии федерали Русия аз наздик шудани як сайёрача ба замин хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 23, 2019 15:32 Asia/Dushanbe
  • Наздик шудани як шаҳобсанги калон ба замин

Созмони фазоии федерали Русия аз наздик шудани як сайёрача ба замин хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, Созмони фазоии федерали Русия (Roscosmos) эълом кард, ки як сайёрача ба андозаи шаҳобсанге, ки соли 2013 дар минтақаи Челябински Русия афтод ба замин наздик мешавад.

Созмони фазоии федерали Русия эълом кард, ки муҳаққиқони рус шашуми ноябр наздик шудани як сайёрачаи ношинохта ба заминро кашф карданд.

Андозаи ин сайёрача 10 то 15 метр тахмин зада шудааст.