Туркия мӯшаки S400-ро озмоиш мекунад
(last modified Mon, 25 Nov 2019 11:40:30 GMT )
Ноябр 25, 2019 16:40 Asia/Dushanbe
  • Туркия мӯшаки S400-ро озмоиш мекунад

Расонаҳои Туркия аз озмоиши сомонаи мушакии S400-и Русия дар он кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, озмоиши иртиботи ҳамоҳангӣ миёни сомонаи мушакии S400-и Русия бо ҷангандаҳои Туркия имрӯз( душанбе) ба вақти маҳаллӣ дар Анкара иҷро хоҳад шуд.

Пеш аз ин вазири дифои Туркия таъкид карда буд, сомонаи дифои мушакии S400, ки Анкара аз Русия харидорӣ кардаастро ба рағми мухолифати Амрико, фаъол хоҳад кард.

Hulusi Akar гуфта буд, Анкара ба ҳеч ваҷҳ бо чашмпӯшии комил аз сомонаи дифои ҳавоии S400-и Русия, сомонаи Патриотро ҷойгузини он нахоҳад кард. 

Вашингтон борҳои Анкараро ба эъмоли таҳримҳо алайҳи Туркия дар сӯрати хариди сомонаҳои падофанди ҳавоии S400 аз Русия таҳдид кардааст.

Амрико ҳамчунин ҳушдор додааст, дар вокуниш ба ин иқдоми Туркия, фурӯши ҳавопаймоҳои F35 ба Туркияро лағв хоҳад кард.