Трамп: FBI қасд дошт, маро сарнагун кунад
Раисҷумҳури Амрико дар интиқод аз раванди таҳқиқот дар бораи фаъолиятҳои интихоботияш дар соли 2016 FBI-ро ба талош барои сарнагунии худ муттаҳам кард.
Рӯзномаи “Гардиан”-и чопи Британия рӯзи якшанбе навишт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки муддати мадиде аз баррасии Пулиси федералии Амрико (FBI) дар бораи иртибототи ситоди интихоботии вай бо Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 интиқод кардааст, шаби ҷумъа гуфт: «FBI талош дошт, раёсатҷумҳурии манро сарнагун кунад». Трамп ба гузоришҳои хабарӣ истинод кард, ки дар онҳо омадааст, як вакили FBI мазнун ба тағйир ва дасткории як санад дар бораи Картер Пэйҷ, мушовири таблиғотии асбақи Трамп аст.
Вазорати додгустарии Амрико низ монанди FBI дар таҳқиқ дар бораи нақши Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ворид шудааст.
Ин баррасии FBI яке аз ҳассостарин баррасиҳои сиёсии ин ниҳод аст.
Дар ниҳоят Роберт Мюллер, бозпурси вижаи таҳқиқот дар бораи дахолати иддаои Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016-и Амрико масъулияти баррасиро ба уҳда гирифт ва шаш фарди дахил дар ситоди интихоботии Трамп ва беш аз 24 фарди рус муттаҳам шуданд.
FBI соли 2016 ҳукми махфӣ барои назорат бар иртибототи Пэйҷро содир кард. Картер Пэйҷ ҳаргиз дар заминаи баррасии мудохилаи интихоботии Русия ё ҳич иқдоми иштибоҳи дигаре муттаҳам нашудааст. Трамп исрор дорад, аъзои давлати Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико дар болотарин сатҳ дар ҳоли ҷосусӣ дар бораи муборизоти интихоботии вай дар соли 2016 ҳастанд.