Дидори Трамп бо саге, ки дар куштани Албағдодӣ ҳамкорӣ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48649-Дидори_Трамп_бо_саге_ки_дар_куштани_Албағдодӣ_ҳамкорӣ_кард
Трамп бо саге, ки гуфта мешавад, аз он дар амалиёти куштани Абубакр Албағдодӣ, саркардаи ДИИШ истифода шудааст, дидор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 26, 2019 18:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори Трамп бо саге, ки дар куштани Албағдодӣ ҳамкорӣ кард

Трамп бо саге, ки гуфта мешавад, аз он дар амалиёти куштани Абубакр Албағдодӣ, саркардаи ДИИШ истифода шудааст, дидор кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Рейтерз”, ин саг Конон ном дорад.

Ин дидор дар муҳавватаи Кохи Сафед анҷом шуд ва Трамп дар ин маросим гуфт: “Ин мояи ифтихор мост, ки Конон дар ин ҷо ҳузур дорад, мо ба Конон ҷоиза медиҳем”. Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт: “Мо тавонистаем, ки ин амалиётро бидуни ҳеҷ талафоте анҷом диҳем”. Вай афзуд: “Мо имрӯз яке аз нерӯҳои вижаи худро ба умум нишон додем, Конон як қаҳрамон аст ва мо аз ҳузури вай дар Кохи Сафед лаззат мебарем”.