Ҳушдори Гурбачов дар бораи ояндаи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48786-Ҳушдори_Гурбачов_дар_бораи_ояндаи_Афғонистон
Михаил Гурбачов танҳо раҳбари Шуравии собиқ дар бораи хатари боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳушдор дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 02, 2019 07:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Гурбачов дар бораи ояндаи Афғонистон

Михаил Гурбачов танҳо раҳбари Шуравии собиқ дар бораи хатари боқӣ мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳушдор дод.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Михаил Гурбачов раҳбари Шуравии собиқ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии СНН гуфт, бо мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дунё бо хатар ру ба ру мешавад.

Вай дар бораи тасмими Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико барои хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, онҳо бояд ақибнишинӣ кунанд. Ин дарси аслӣ аст. (ҳузури Амрико дар Афғонистон) мисли як гугирд аст ва ба маҳзи ин ки рушан шавад, оташ густариш меёбад.

Гурбачов афзуд, замоне, ки кишварҳои бузург ва пешрав дар ин муноқиша бештар ворид шаванд онгоҳ ин муноқиша барои ҳамаи кишварҳо хатарнок мешавад.

Раҳбари Шуравии собиқ гуфт, суханронон ва сиёсатмадорон ва мардум дарк мекунанд, ки ҷанги сарди нав набояд иттифоқ биафтад. Ин ҷанг мумкин аст ба як ҷанги гарм хатм шавад ва ин ба маънои аз байн рафтани кулли тамаддуни мост ва набояд иҷоза дод ин иттифоқ биафтад.