Декабр 02, 2019 17:38 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 46-дарсадии кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон

Вазорати иқтисоди Афғонистон эълом кард, ки дар тӯли 9 соли гузашта, мизони кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфтааст.

Вазорати иқтисоди Кобул рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар тӯли 9 соли гузашта, мизони кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати иқтисоди Афғонистон унвон кард, ки аз соли 2010 то кунун, мизони кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон аз 15,7 миллиард доллар ба 8,4 миллиард доллар расида, ки як коҳиши 46 дарсадиро нишон медиҳад.

Ноҳид Саробӣ, муовини сиёсии Вазорати иқтисоди Афғонистон дар нишасти хабарӣ гуфт, дар соли 2016 дар нишасти Брюссел, 29 кишвари ҷаҳон мутааҳҳид ба пардохти кумаки 11 миллиарддолларӣ ба Афғонистон шуданд, аммо то кунун панҷ миллиард доллар аз ин ваъда муҳаққақ шудааст.

Саробӣ афзуд, ки кумакҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфтааст, аммо давлат барномаи тақвияти бахши хусусӣ ва ахзи вомро дар дасти иҷро дорад то дар коҳиши кумакҳои ҷаҳонӣ, мушкиле ба вуҷуд наёяд.

Муовини сиёсии Вазорати иқтисоди Афғонистон афзуд, даромадҳои кишвар, ки дар соли 2010 тақрибан 1.3 миллиард доллар буд, дар 2018 ба 2.6 миллиард доллар расидааст.

Вай таъкид кард, ки дар соли 2010 ҳазинаҳои умумӣ дар кулл 17 миллиард доллар мушаххас шуда буд, аммо дар соли гузашта, ин рақам ба 11 миллиард доллар расидааст.

Саробӣ ҳамчунин гуфт, қарор аст, то поёни соли ҷорӣ ба миқдор 100 миллион евро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоби давлат афзуда шавад.

 

Барчасп