Декабр 04, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 5 корманди як ниҳоди хайрияи ҷопонӣ дар Афғонистон

Раиси як ниҳоди хайрияи ҷопонии мавсум ба “Хадамоти пизишкии сулҳи Ҷопон” имрӯз, чаҳоршанбе дар ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳамроҳи ронанда ва чаҳор муҳофизи афғонаш кушта шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Атовулло Хугёнӣ, сухангӯи устондори Нангарҳор мегӯяд, ки ин рӯйдод ҳаволии соати ҳашти бомдод, ҳангоме рух дод, ки мардони мусаллаҳ ба мошини оқои Нокомуро дар минтақаи ҳавзаи аввали амниятии шаҳри Ҷалолобод тирандозӣ карданд.

Ӯ афзуд, доктор Нокомуро ба маҳалли кор мерафт, ки аз сӯи мардони мусаллаҳ омоҷи ҳамла қарор гирифт. Дар ин ҳамла ӯ, ронанда ва чаҳор нигаҳбони афғонаш ҷон бохтанд.

Афроди мусаллаҳ аз маҳалли рӯйдод фирор кардаанд.

Нокомуро - як шаҳрванди ҷопонӣ аз солҳо пеш то кунун дар Афғонистон, ба вижа шарқи кишвар саргарми кор аст ва дар фаъолиятҳои обёрии заминҳои дайм (лалмӣ) дар шаҳристонҳои Кома ва Хиви Нангарҳор низ нақши муҳиме доштааст.

Ӯ ба хотири хадамоти арзанда ба мардуми Афғонистон, чанде пеш тобеияти Афғонистонро аз Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар дарёфт карда буд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ҳамла ба ин муассисаро рад карда ва эълом кард, ки ин ҳамла ба Толибон иртибот надорад.

Вай афзуд, муассисоте, ки дар бозсозии кишвар мо талош мекунанд ва бо Толибон равобити ҳасана доранд аз тарафи нерӯҳои Толибон ҳадафи низомӣ маҳсуб намешаванд.

 

 

 

Барчасп