Дархости Созмони Милал аз режими саҳюнистӣ барои ақибнишинӣ аз Ҷулон
(last modified Wed, 04 Dec 2019 13:41:05 GMT )
Декабр 04, 2019 18:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости Созмони Милал аз режими саҳюнистӣ барои ақибнишинӣ аз Ҷулон

Созмони Милал хостори ақибнишинии режими саҳюнистӣ аз Ҷулони ишғолӣ шуд.

Бомдоди имрӯз қатъномае дар Маҷмаи умумии Созмони Милал содир шуд, ки тибқи он зимни ишғолшуда донистани Ҷулони Сурия, аз режими саҳюнистӣ хоста шуд, ки аз ин манотиқ ақибнишинӣ кунад.

Ба гузориши “Форс”, Маҷмаи умумии Созмони Милал бо 91 раъйи мувофиқ, 65 раъйи мумтанеъ ва 9 раъйи мухолиф Қатъномаи ақибнишинии Исроил аз Ҷулони ишғолиро содир карда ва идомаи ишғоли онро монее барои сулҳ дар минтақа донист.

Ин қатънома бо таъкид бар ин ки давлатҳо ҳақ надоранд бо лашкаркашӣ ба тасарруфи сарзамин бипардозанд, мегӯяд, идомаи ишғоли Ҷулони Сурия ва илҳоқи иддаоии он (ба дигар бахшҳои Фаластини ишғолӣ), монеи ҷиддӣ дар масири расидан ба сулҳи пойдор, одилона ва фарогир дар минтақа аст. Исроил бояд аз тамоми Ҷулони ишғолии Сурия ақибнишинӣ кунад.

Албатта ин қатъномаҳо бар хилофи қатъномаҳои Шӯрои амният, ғайриилзомовар аст ва замонати иҷроӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ ё ҳомиёни он монанди Амрико надорад.

Маҷмаи умумии Созмони Милал бомдоди чаҳоршанбе ҳамчунин қатъномаи дигаре муртабит бо режими саҳюнистӣ содир кард, ки дар он бо таъкид бар ғайриқонунӣ будани шаҳраксозиҳо дар Каронаи бохтарӣ, хостори эҳтиром гузоштани Тел-Авив ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва ҳамчунин ҳифзи он шудааст.