Тағйир дар наҳваи гузиниши муаллимони динӣ дар мадориси Ҳамбург
(last modified Thu, 05 Dec 2019 10:27:45 GMT )
Декабр 05, 2019 15:27 Asia/Dushanbe
  • Тағйир дар наҳваи гузиниши муаллимони динӣ дар мадориси Ҳамбург

Бо тағйир дар раванди гузиниши муаллимони динӣ дар иёлати Ҳамбурги Олмон, намояндагони ҷавомеи мухталифи мазҳабӣ метавонанд ба унвони муаллимони динӣ дар ин мадорис машғул ба кор шаванд.

Намояндагони ҷавомеи ғайримасеҳӣ метавонанд ба унвони муаллимони динӣ дар мадориси Ҳамбург машғул ба кор шаванд. Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин омӯзиши мазҳабӣ дар иёлати Ҳамбург танҳо бар ӯҳдаи намояндагони калисои протестон буд.

Ба гузориши ИКНА, Ҳамбург нахустин иёлати Олмон хоҳад буд, ки дар мадориси он омӯзиши мазҳабӣ аз сӯи намояндагони гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ анҷом мешавад.

Ҳамаи гурӯҳҳои мазҳабӣ метавонанд муаллимони динии худро барои омӯзиши мазҳабӣ дар мадорис муаррифӣ кунанд ва шароит барои пазириши аъзои калисои протестон, ҷомеаи яҳудӣ, се анҷумани исломӣ ва ҷомеаи алавӣ яксон аст. Ин дар ҳоле аст, ки дар соири иёлатҳо гурӯҳҳо ва созмонҳои мазҳабӣ ба сурати ҷудогона мӯҳтавои дуруси динии донишомӯзони худро таҳия мекунанд.

Бо ин вуҷуд, чандин даҳа аст, ки масъулони калисои инҷилӣ масъули таҳия мӯҳтавои дарсҳои динӣ барои пайравони ҳамаи адён ва фирқаҳо дар мадориси давлатии Ҳамбург ҳастанд ва донишомӯзони ҳамаи фирқаҳо ва мазоҳиб таҳти омӯзиши муштарак қарор доранд.

Тис Роба, сенатори иёлати Ҳамбург, ки дар умури омӯзишӣ фаъол аст, дар ин бора гуфт, ин ки намояндагони ҳамаи ҷавомеи мазҳабӣ битавонанд дар таҳияи мӯҳтавои омӯзиши динӣ ширкат кунанд ва намояндагони худро барои омӯзиш ба мадорис бифиристанд, иддаои шигифтангез аст.