Декабр 08, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳамдастии Facebook ва Twitter дар нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон

Шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Twitter дар заминаи нафратпароканӣ алайҳи ислом ва мусалмонон, ба таври пинҳонӣ бо ифротгароён ҳамкорӣ мекунанд.

Рӯзномаи «The Guardian» дар гузорише бо унвони "Тавтиаи пинҳон" навишт, ифртгароён бо ҳимояти бархе тарафҳо, бахусус Амрико, Британия ва Исроил аз пойгоҳи интернетии Facebook ва Twitter ба унвони абзоре барои нафратпароканӣ алайҳи ислом ва мусалмонон истифода мекунанд.

«The Guardian» афзуд: Гурӯҳе аз бузургтарин созмонҳо ва саҳифаҳои шахсии ростгароёни ифротӣ, бар асоси ин тавтиа тавонистаанд дар қиболи судҳое, ки насиби ин ширкатҳо месозанд, исломситезиро дар байни ҷомеа густариш диҳанд.

Тибқи ин гузориши «The Guardian», мақарҳои мудирияти ҳисобҳои корбарӣ дар Исроил, Амрико, Австралия, Австрия ва Нигерия аст, ки бо интишори паёмҳое дар ростои нафратпароканӣ алайҳи мусалмонон, муҳоҷирони мусалмон дар кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто шуморе аз сиёсатмадорони мусалмон ё ҳомии мусамонон, монанди шаҳроди Лондон, шуморе аз аъзои Конгресси Амрико ва раҳбари Ҳизби коргари Британия фаъолият мекунанд.