Декабр 08, 2019 19:16 Asia/Dushanbe
  • Индепендент: Брексит ба абарқудратии Англия поён медиҳад

"Индепендент" аз заволи қудрати Англия ба унвони як абарқудрати ҷаҳонӣ пас аз Брексит хабар дод.

"Индепендент" дар пойгоҳи интернетии худ ва дар таҳлиле ба қалами Патрик Кокберн навишт: Эҳтимолан дар оянда муаррихон аз соли 2019 ба унвони нуқтаи атфе дар суқути қудрати Амрико ва Англия ба унвони қудратҳои ҷаҳонӣ ёд хоҳанд кард.

Бадеҳӣ аст, ки дар силсилаи маротиби байналмилалӣ, Англия дар муқоиса бо Амрико аз сатҳи бисёр поёнтаре суқутро оғоз кард, аммо масири ҳар ду кишвар яксон аст.

Ин тағйири геополитикӣ дақиқан як қарн пас аз инъиқоди муоҳадаи Версай дар соли 1919 рӯй дод. Замоне, ки Амрико ва Англия пас аз Ҷанги ҷаҳонии аввал дар заминаи тасмимгирӣ барои сарнавишти кишварҳо, дар авҷи қудрати худ ба сар мебурданд. 

Барчасп