Декабр 10, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи гардишгарии ҳалол дар Малайзия

Малайзия гардишгарии ҳалолро тавсеа медиҳад.

Вазири гардишгарии Малайзия мегуяд, барои ҷазби бештари ҷаҳонгардони мусулмон ин кишвар бояд ба таври фаол мафҳуми гардишгарии муносиби мусулмононро тавсеа диҳад.

Ба нақл аз ИКНО, Муҳиддин Китапӣ дар маросими ифтитоҳияи корноволи байналмиллалии ҳалоли Малайзия мавсум ба IMFC 2019, бо таъкид бар барномаҳои ин кишвар барои густариши гардишгарии ҳалол гуфт, ҷаҳонгардии ҳалол ва муносиби мусулмонон тавонмандии зиёде дорад ва метавонад ба як бозигари муҳим дар саноати гардишгарии ҷаҳон табдил шавад. Ин кор даромади пурсудеро эҷод ва илова бар эҷоди фурсатҳои шуғлӣ машоғили маҳаллиро фаол мекунад.

Китапӣ афзуд, пешбинӣ мешавад гардиши молии ҷаҳонгардии ҳалол то соли 2020 ба беш аз 220 миллиард доллар бирасад ва Малайзия бояд талоши худро барои баҳра бурдан аз ин арса афзоиш диҳад.

Вай ҳамчунин гуфт, кишварҳое монанди Британия, Кореяи Ҷанубӣ ва Жопон, ки узви Созмони ҳамкории исломӣ нестанд акнун муштоқона дар ҳоли тавсеаи хадамот ва имконоти худ аз ҷумла ресторанҳои ҳалол барои ҷазби бештари гардишгарони мусулмон ҳастанд.

Корноволи IMFC 2019 ба муддати панҷ рӯз (6-10) бо мушорикати беш аз 1000 корманди давлатӣ ва фаолони саноати гардишгарӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

Барчасп