Иттиҳомоти Трамп барои истезоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49047-Иттиҳомоти_Трамп_барои_истезоҳ
Саранҷом пас аз моҳҳо таҳқиқ ва баррасӣ Кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагони Амрико ба таври расмӣ иттиҳомоти Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишварро дар раванди истезоҳ(бозхост) эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 11, 2019 15:00 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомоти Трамп барои истезоҳ

Саранҷом пас аз моҳҳо таҳқиқ ва баррасӣ Кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагони Амрико ба таври расмӣ иттиҳомоти Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишварро дар раванди истезоҳ(бозхост) эълом кард.

Jerry Nadler, раиси Кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагон дар ҷамъи раисони кумитаҳои мухталифи ин маҷлис гуфт, раисиҷумҳур Трамп дар парвандаи Украина бо ду иттиҳом "сӯиистифода аз қудрат" ва "коршиканӣ дар кори Конгресс" мувоҷеҳ аст.

Дар баҳси сӯиистифода аз қудрат, Трамп муттаҳам аст, ки аз ихтиёроти худ ба унвони раисиҷумҳури Амрико барои таҳти фишор қарордодани як кишвари хориҷӣ(Украина) барои анҷом додани як амали ғайри қонунӣ, шомили таҳқиқот алайҳи як шаҳрванди амрикоӣ бо ҳадафи баҳрабардории сиёсӣ, сӯиистифода кардааст. Асноди парванда ва адои шаҳодати теъдоде аз мақомоти кунунӣ ва собиқи давлати Трамп нишон медиҳад, ки раисиҷумҳури Амрико дар эъмоли фишор бар ҳамтои украинии худ дар пайи ёфтани сарнахҳое аз фасоди молии Hunter Biden, писари Joe Biden, муовини раисиҷумҳури собиқ ва аз номзадҳои мӯҳтамали интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 будааст. Трамп муттаҳам аст, пардохти кумаки низомии тасвибшудаи Конгресси Амрико ба Украинаро масдуд карда буд, то Киев ба хости раисиҷумҳури Амрико тан диҳад. Демократҳо ин иқдомотро сӯиистифода аз қудрат таъбир кардаанд.

Fiona Hill, мушовири аршади Трамп дар умури Русия дар ҷаласаи таҳқиқоти Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагон гуфт, талоши Трамп барои таҳти фишор гузоштан Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина барои таҳқиқот дар бора Hunter Biden барои манофеи ҳар ду кишвар музир аст.

Бо ин ҳол, иттиҳомоти ворида ба Трамп сирфан ба навъи бархӯрди давлати кунунии Амрико бо кишвари Украина маҳдуд намондааст. Трамп муттаҳам аст, ки дар иҷрои вазоифи қонунии Конгресс барои кашфи ҳақиқат аз тариқи ҷаласоти таҳқиқ ва эҳзори шуҳуд, коршиканӣ кардааст. Дар моҳҳои ахир, Трамп ва мушовиронаш аз ҷумла вазири умури хориҷа ва раиси Ситоди коркунони Кохи Сафед борҳо тайи дастуруламалҳои расмӣ, қонунӣ будани таҳқиқоти Маҷлиси намояндагонро радд карда ва монеи ҳузури бархе афроди огоҳ дар кумитаҳои ин маҷлис шуданд, то ҷое, ки Трамп ҳозир нашуд бо вуҷуди дархости расмии Кумитаи қазоии маҷлис, дар нишастҳои ин кумита барои баррасии парвандаи Украина ҳузур ёбад. Дар ҳоле, ки пеш аз ин, Richard Nixon ва Bill Clinton ба дархостҳои Конгресс дар замони баррасии истезоҳҳои худ тамкин карда буданд.

Ба ҳарҳол, акнун бо эъломи расмии иттиҳомоти ворида ба Доналд Трамп, мавзӯ дар Кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагон ба раъй гузошта хоҳад шуд ва агар ба таъйди аксарият бирасад, лоиҳаи истезоҳи Трамп барои раъйгирӣ дар саҳни маҷлис тарҳ хоҳад шуд. Аз он ҷо, ки тасвиби ин лоиҳа фақат ба раъйи аксарияти нисбии 50 дарсад ба иловаи як раъй ниёз дорад, ба эҳтимоли қариб ба яқин, адад 218 раъйи лозим, ҳосил хоҳад шуд. Пешбинӣ мешавад то пеш аз оғози таътилоти Конгресси Амрико ба муносибати фаро расидани ҷашни Соли Нав, лоиҳаи истезоҳи Трамп дар Маҷлиси намояндагон ба тасвиб бирасад. Бад-ин тартиб, соли 2020 бо муҳокимаи сеюмин раисиҷумҳури Амрико дар Сенат оғоз хоҳад шуд. Рухдоде, ки Трамп аз он ба унвони раҳоӣ аз зери сояи барканорӣ ёд мекунад ва демократҳо ба таъсири он бар натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии охири сол чашм духтаанд.