Декабр 11, 2019 22:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ба комиссияи интихобот

Раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ба комиссияи интихобот ҳушдор дод, ки агар пеш аз расидагии комил ба шикоятҳои онҳо натиҷаи интихоботро эълом кунад, барои онҳо қобили қабул нахоҳад буд.

Раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи иҷтимоии худ навишт, ки агар комиссияи интихобот натоиҷи чаҳорумин даври интихоботи раёсатҷумҳуриро пеш аз расидагии комил ба шикоятҳои тими вай эълом кунад, дар баробари он бетафовут нахоҳанд монд.

Ба гузориши ИРНА, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар идома изофа кард, ки суханони таъйиднашудае аз эъломи қарибулвуқӯи натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар сафаҳоти иҷтимоӣ мунташир шудааст.

Тими субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ муддаӣ аст, ки комиссияи интихобот қасд дорад 300 ҳазор раъйи бидуни сабт дар дастгоҳ биометриро ба нафъи тими рақиби вай шумориш карда ва натиҷаи интихоботро ба нафъи тими давлат эълом кунад.

Ин иддаои тими субот ва ҳамгироӣ боис шудааст, ки бозшумории орои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ҳафт устони Афғонистон тавассути ҳаводорони ин тим мутаваққиф шавад, ки дар натиҷа боиси таъхири эъломи натоиҷ низ хоҳад шуд.

 

Барчасп