Декабр 15, 2019 10:12 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи ҷанги тиҷорӣ байни Чин ва Амрико

Амрико ва Чин бо эъломи марҳилаи аввали қарордоди тиҷорӣ ҷанги тиҷорӣ байни ду кишварро мутаваққиф карданд.

Ба нақл аз Рейтерз, тибқи тавофуқи Вашингтон ва Пекин, Амрико таърафаҳо бар бархе аз колоҳои воридотӣ аз Чинро коҳиш медиҳад ва таърафаҳои навро, ки қарор буд 15 декабр иҷроӣ шавад бекор мекунад.

Пекин низ мутааҳид шудааст дар ду соли оянда хариди коло ва хадамот аз Амрикоро афзоиш диҳад.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аз тавофуқ бо Чин ба унвони марҳилаи аввали қарордодии тиҷорӣ байни ду кишвар ёд кард ва муддаӣ шуд, Чин дар мавриди бисёре аз тағйироти сохторӣ ва хариди маҳсулоти кишоварзӣ, энержӣ ва колоҳои тавлидии Амрико мутааҳид шудааст.

Трамп ҳамчунин гуфт, Чин 50 миллиард доллар маҳсулоти кишоварзӣ аз Амрико харидорӣ хоҳад кард.

Ҷанги тиҷории Амрико ва Чин пас аз тасмими Трамп дар 6 июли 2018 бар эъмоли таърафа бар 34 миллиард доллар колоҳои чинӣ оғоз шуд.

Барчасп