Декабр 18, 2019 21:45 Asia/Dushanbe
  • Амният дар Афғонистон ; меҳвари гуфтугуҳои минтақаӣ дар Теҳрон

Теҳрон имрӯз чоршанбе мизбони дуввумин нишасти гуфтугуи амнияти минтақаӣ бо ҳузури мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон, ва Узбакистон аст.

Ин нишасти як ӯза,ки бо ибтикори дабирхонаи  Шӯрои олии амнияти миллии ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад, бар мавзуи Афғонистон ва муборизаи ҳамаҷониба бо шаклҳои мухталифи терорризм дар ин кишвар тамаркуз дорад. Алии Шамхонӣ Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори  Чин Ван Чинг вазири амнияти миллии Чин,ки барои ширкат дар дуввумин нишасти амнияти минтақаӣ ба Теҳрон сафар кардааст, гуфт ; имрӯз бо ҳамбастагии муштараки кишварҳои узви нишаст, метавон гомҳои созандае барои афзоиши суботу амният дар минтақа бардошт. Амнияти минтақаи мо чӣ таъсире бар сарнавишти кишварҳои минтақа дорад ? оё таъсироти ноамниҳо дар Афғонистон метавонад барои дигар кишварҳои минтақа як мушкил маҳсуб шавад?

Барои шинохти иллатҳои ноамниҳо дар Афғонистон бояд решаҳои ноамнӣ дар ин кишварро шинохт.

Афғонистон дар чанд даҳаи гузашта ба навъе даргири ҷанг ва муноқиша будааст. Ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва ишғоли ин кишвар ва ҳузури баландмуддати нерӯҳои НАТТО ; аз авомиле аст,ки сарнавишти Афғонистонро дар масири буҳрон ва ноамнӣ қарор дод. Ишғол ва ҳузури чандинсолаи Амрико ва НАТТО дар Афғонистон натиҷааш густариши терорризм ва чанд сад баробар шудани тавлиди маводи мухадир будааст.

Ихтилофҳо дар ташкили давлат фарогир,рақобат миёни гурӯҳҳои қавмӣ ва зуҳури нерӯҳои ифротгаро аз дигар авомиле ҳастанд,ки вазъияти сиёсӣ ва амниятиро дар ин кишвар печидатар ва Афғонистонро ба яке аз қонунҳои муноқиша табдил кардааст.

Суоли аслӣ ин аст,ки роҳи ҳалли бозгашти амният ба Афғонистон чист ?

Дар ин бора ду дидгоҳ вуҷуд дорад ; нахуст он,ки Афғонистон , ҳастаи марказӣ амният дар минтақа аст. Ин дидгоҳ муътақид аст,ки агар дар минтақа ноамнӣ вуҷуд дорад, ба далели вуҷуди ноамнӣ дар  Афғонистон аст. Бинобар ин ; бояд амниятро аз даруни ин кишвар ба даст овард. Дидгоҳи дуввум, маншаи ноамниҳоро дар  хориҷ аз Афғонистон медонанд,ки ба ин кишвар мунтақил мешаванд.

Бадеҳӣ аст,ки мудохилаҳои Амрико дар Афғонистон ноамниҳои васеъеро ба ин кишвар ва минтақа таҳмил кардааст. Вазъияти имрӯзи Афғонистон дар воқеъ натиҷаи мудохилаҳои гузаштааст. Бинобар ин ноамниҳо дар Афғонистон ва дар минтақа таҳти таъсири ҳарду омили дарунӣ ва берунӣ қарор дорад.

Аз ин рӯ гуфтмони сулҳ ва амният дар ин кишвар мебоист бинобар  маҷмуъае аз масоили амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Ба иборати дигар наметавон масоили Афғонистонро сирфан бо дидгоҳи низомӣ баррасӣ кард. Роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон ; истифода аз зарфиятҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва тақвияти гуфтумони дохилӣ байни гурӯҳҳои дорои маҳруъияти сиёсӣ аст.

Сиёсати ҷумҳурии исломӣ дар баробари музокироти сулҳ дар Афғонистон таъкид бар роҳи ҳале аст,ки тамоми гурӯҳҳои дохилӣ дар раванди солим ва мубтани бар  райи мардум дар қудрат саҳим шаванд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳаштумин Канфронси вазирони Қалби Осиё ,ки ахиран дар  Истанбули Туркия баргузор шуд ; бо баёни ин,ки Эрон аз фароянди сулҳи Афғон- Афғон таҳти моликият ва ҳидояти афғонистониҳо бо мушорикати тамоми гурӯҳҳо ва ҷиноҳҳои сиёсӣ аз ҷумла Толибон бо марказияти давлати Афғонистон ҳимоят мекунад, гуфт ; бояд аз ҳар василае,ки дар ихтиёрамон аст барои  осонкардани фароянди сулҳ дар ростои ҳифзи дастовардҳои Канфронси Бун 2001 ва ба вижа дар чорчуби қонуни асосии ҷумҳурии исломии Афғонистон ба унвони пояи муҳкам барои расидан ба ҳаргуна роҳ ҳали сиёсӣ истифода кунем.

Ончи мусалам аст бо иҷмоъи минтақаӣ метавон гомҳои муҳимтаре дар ин замина бардошт. Баргузории дуввумин Нишасти гуфтугуи амнияти минтақаӣ дар Теҳрон бо ҳузури мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии кишварҳои Эрон, Русия, Ҳинд, Покистон, ва Чин фурсате барои ҳамандешӣ дар ин роҳ аст то Афғонистон битавонад аз роҳи гуфтугу ва тафоҳум миёни ҳамаи гурӯҳҳо ба сулҳи пойдор даст ёбад.