Ҳушдори мақоми афғонистонӣ дар бораи мавҷи нави муҳоҷират аз ин кишвар
Мақоми афғонистонӣ дар бораи мавҷи нави муҳоҷират аз ин кишвар ҳушдор дод.
Ба нақл аз ИРНА, вазири умури хориҷаи Афғонистон ҳушдор дод,ки агар пеши афзоиши ноамниҳо дар ин кишвар гирифта нашавад, мавҷи муҳоҷират рух хоҳад дод ва ҳазорон овораи ноши аз ҷанг ба хориҷ паноҳ хоҳанд бурд.
Сайид Ҳусейн Оламии Балхӣ дар маросими рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират дар Кобул бо баёни ин,ки Афғонистон бо ноамнии шадид мувоҷаҳ аст ва ҳануз заминаи бозгашти паноҳҷуён ва муҳоҷирон ба ин кишвар фароҳам нест , афзуд : кишварҳои мизбони паноҳҷуёни Афғонистон нисбат ба пазириши муҳоҷирон бо ҳавсалаи бештаре бархурд кунанд.
Вай тасриҳ кард ; таи панҷ соли гузашта беш аз чор миллион паноҳҷу ва дар соли 2019, ҳудуди 500 ҳазор нафар ба Афғонистон бозгаштаанд,ки бештари онҳо дар Эрон ва Покистон иқомат доштаанд.
Балхӣ гуфт ; дар соли ҷории милодӣ беш аз 603 ҳазор нафар дар дохили кишвар хонаҳои худро аз даст додаанд,ки агар ба онон расидагӣ нашавад, иқдом ба муҳоҷират хоҳанд кард.
Ба бовари Балхӣ агар гуфтугуҳои сулҳ натиҷа диҳад ва сулҳ дар Афғонистон барқарор шавад, ин кишвар шоҳиди баргашти селосои муҳоҷирони Афғонистон ба дохили кишвар хоҳад буд.