Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Афғонистон имрӯз ё фардо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49291-Натиҷаҳои_ибтидоии_интихоботи_Афғонистон_имрӯз_ё_фардо
Камисиюни мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард,ки натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар рӯзи шанбе ( имрӯз ) ё пас фардо якшанбе эълом мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 21, 2019 09:43 Asia/Dushanbe
  • Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Афғонистон имрӯз ё фардо

Камисиюни мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард,ки натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар рӯзи шанбе ( имрӯз ) ё пас фардо якшанбе эълом мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Ово, камисиюни интихоботи Афғонистон рӯзи ҷумъа эълом кард ; пас аз бозшумории орои ҳафт вилоят , ин камисиюн талош дорад натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳуриро рӯзи шанбе ё ниҳоятан якшанбе эълом кунад.

Раванди бозшумории бархше аз орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз 9 ноябр дар 34 вилояти ин кишвар оғоз шуд аммо пас аз мухолифати бархе аз ситодҳои интихоботӣ, мутавақиф шуд.

Ин раванд бори дигар аз 17 ноябр аз сар гирифта шуд ва пас аз муддате дар 27 вилояти Афғонистон ба поён расид, аммо ҳомиёни ситоди Субот ва ҳамгароӣ ба раёсати Абдуллоҳ Абдуллоҳ, монеъи бозшумории оро дар ҳафт вилоят шуданд.

Камисиюни интихоботи Афғонистон, қарор буд натиҷаҳои ибтидоии раёсати ҷумҳурии ин кишварро  19 ноябр эълом кунад аммо ба далели мушкилоте борҳо ба таъвиқ афтодааст.