Ибрози нигаронии масъулони афғон аз ҳузури ДОИШ дар Ҳирот
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49409-Ибрози_нигаронии_масъулони_афғон_аз_ҳузури_ДОИШ_дар_Ҳирот
Устондори Ҳирот дар ғарби Афғонистон аз ҳузури гурӯҳи терроистии ДОИШ дар ин вилоят ибрози нигаронӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 25, 2019 13:49 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии масъулони афғон аз ҳузури ДОИШ дар Ҳирот

Устондори Ҳирот дар ғарби Афғонистон аз ҳузури гурӯҳи терроистии ДОИШ дар ин вилоят ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Абдулқаюм Раҳимӣ, устондори Ҳирот рӯзи чоршанбе гуфт: Шуморе аз аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ, аз шарқи Афғонистон ба ин вилоят мунтақил шудаанд, то иқдом ба амалиёти террористӣ кунанд.

Турёлӣ Тоҳирӣ, муовини Шӯрои вилоятии Ҳирот низ ҳузури ДОИШ дар ин вилоятро нигаронкунанда хонд ва хостори тахриби паноҳгоҳҳои ин гурӯҳи террористӣ шуд.

Ба гузориши "Тулӯъ Нюз", дар чанд рӯзи ахир 7 нафар аз  аъзои ДОИШ дар вилояти Ҳирот ба дасти нерӯҳои амниятии афғон дастгир шуданд.