Декабр 26, 2019 19:10 Asia/Dushanbe
  • Мақоми Иттиҳоди Аврупо: “Брекзит” ба инсиҷоми Аврупо осеб задааст

Муовини раиси Комиссияи Аврупо “Брекзит”-ро коре ғайризарурӣ донист, ки ба инсиҷоми Аврупо осеб задааст.

Ба гузориши ИРНА, Франс Тиммерманс, муовини раиси Комиссияи Аврупо рӯзи панҷшанбе (26 декабр) дар рӯзномаи “Гардиан” навишт: “Баргузории ҳамапурсии “Брекзит” дар соли 2016 дар давлати муҳофизакори Дэвид Кэмерон, нахуствазири собиқи Бритониё ғайризарурӣ буд.

Тиммерманс хитоб ба бритониёиҳо навишт: "Шумо он замон дар бораи хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо тардид доштед ва эй кош, мураддад мемондед чун ин ба нафъи шумо буд ва инсиҷоми моро ҳам ба унвони Иттиҳоди Аврупо ҳифз мекард."

Тиммерманс афзуд: "Дар ин раванд ҳам шумо ва ҳам мо осебҳои ғайризаруриро таҳаммул кардем ва ман нигарони бештар шудани он ҳастам."

Муовини раиси Комиссияи Аврупо аз бозгашти Бритониё истиқбол кард.

Камтар аз 53 дарсади мардуми Бритониё дар ҳамапурсии 23 июни 2016 ба хурӯҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо раъйи мусбат доданд.

Бар асоси барномаи эълом шуда, Бритониё 31 январи 2020 ба таври расмӣ Иттиҳоди Аврупоро тарк мекунад.

 

Барчасп