Сулҳи ҷаҳонӣ - муҳимтарин ҳадафи размоиши муштараки Эрон, Чин ва Русия
(last modified Fri, 27 Dec 2019 16:38:32 GMT )
Декабр 27, 2019 21:38 Asia/Dushanbe
  • Сулҳи ҷаҳонӣ - муҳимтарин ҳадафи размоиши муштараки Эрон, Чин ва Русия

Сухангӯи Вазорати дифои Чин ҳимоят аз сулҳи ҷаҳониро муҳимтарин ҳадафи баргузории размоиши муштараки дарёии Эрон, Русия ва Чин унвон кард.

Ба гузориши ИРНА, Ву Чён рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо торнамои Ой Си Эн Эс, бо ишора ба оғози размоиши муштараки дарёии се кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Чин гуфт, ин размоиш барои ҳимояти ҳарчӣ бештар аз сулҳи ҷаҳонӣ, амнияти дарёӣ ва эҷоди як ҷомеаи дарёӣ бо ояндаи муштарак анҷом гирифтааст.

Сухангӯи Вазорати дифои Чин таъмиқи мубодилот ва ҳамкорӣ байни нерӯи дарёии ин кишвар, Эрон ва Русияро аз дигар аҳдофи ин се кишвар унвон кард ва афзуд, ин размоиши муштарак як мубодилаи низомӣ буда, ки мутобиқ бо қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ анҷом шудааст.

Размоиши дарёии муштараки Эрон, Чин ва Русия аз имрӯз, ҷумъа бо паёми “Сулҳ, дӯстӣ ва амнияти пойдор дар сояи ҳамкорӣ ва иттиҳоди ҷамъӣ” ба муддати чаҳор рӯз дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон оғоз шудааст.