Декабр 28, 2019 12:45 Asia/Dushanbe
  • WikiLeaks ; ҳамлаи шимёии Думои Сурия сохтагӣ буд

Сойти ифшогари WikiLeaks аснодеро мунташир кард,ки нишон медиҳад ҳамлаи шимёии аввалҳои 2018 дар минтақи Думои Сурия,ки ҷараёни ғарбӣ- арабӣ иддао мекарданд, сохтагӣ будааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, сойти ифшогари WikiLeaks шомгоҳи ҷумъа санадҳоеро аз Созмони манъи таслиҳоти шимёӣ дар ихтиёр дорад,ки нишон медиҳад бар хилофи иддаои расонаҳои ғарбии мухолифи давлати Сурия, аҳолии шаҳри Думо дар радифи устони Димишқ дар апрели 2018, ҳадафи ҳамлаи шимёӣ қарор нагирифта буданд.

Чор санади ифшо шудаи Созмони манъи таслиҳоти шимёӣ дар WikiLeaks баёнгари ин аст,ки коршиносони ҳақиқатёби эъзомшуда ба минтақаи Думо, вуқуъи ҳамлаи шимёиро ба сироҳат ва қотеъият рад кардаанд.

Дар санадҳои Созмони манъи таслиҳоти шимёӣ ҳамчунин мушахас шудааст,ки мақомоти аршади ин Созмон дастур додаанд ин бахш аз гузориши коршиносони эъзомӣ ба Думо ҳазф шавад.

 Тибқи ин санадҳо,гузоришҳо ва иддаоҳои мабни бар вуқуъи ҳамлаи шимёӣ дар минтақаи Думои Сурия намоиши набудааст.

 Сойти  WikiLeaks  бештар дар мавриди иддаои ҳамлаи шимёии Думо номаи яке аз аъзои Кумитаи ҳақиқатёби Созмони манъи таслиҳоти шимёӣ дар Сурия ба раиси ҳайати мудираи ин Созмонро мунташир карда буд,ки вай дар он нома ба дасткории иттилооти ҷамоваришуда эътироз дошт.

Амрико, Фаронса ва Британия 14 апрели соли 2018 як ҳафта пас аз тарҳи иттиҳомҳои дуруғини ҳамлаи шимёии артиши Сурия ба минтақаи Думо дар Ҳумаи Димишқ, беш аз 100 фарванд мушак ба мавозеъи давлат ва артиши Сурия ба минтақаҳои ғайринизомии ин кишвар шилик карданд.

Саҳнасозӣ ва интишори ҷаълии истифодаи артиши Сурия аз силоҳи шимёӣ,ҳамвора баҳонае барои эъмоли фишор ва ҳамлаҳои низомии Амрико ва мутаҳидонаш алайҳи Димишқ ва бомбаборони зерсохтҳои низомӣ ва иқтисодии ин кишвар будаасст.

 

Барчасп