Муҳоҷирати ҳазорон кӯҳнасарбози амрикоӣ ба Ветнам
(last modified Sun, 29 Dec 2019 13:38:26 GMT )
Декабр 29, 2019 18:38 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷирати ҳазорон кӯҳнасарбози амрикоӣ ба Ветнам

Рӯзномаи амрикоӣ, бо интишори гузорише аз муҳоҷирати ҳазорон нафар аз кӯҳнасарбозони амрикоӣ ба Ветнам, ба манзури бархӯрдорӣ аз мазоёи бознишастагӣ ва хадамоти дармонӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши рӯзномаи Лос-Анжелес Таймз, бисёре аз кӯҳнасарбозони амрикоӣ, ки замоне дар Ветнам ҷангиданд, акнун ба хотири маскан ва хадамоти дармонии арзон дар ин кишвар, ба ин ҷо бозгаштаанд, то даврони бознишастагии худро дар Ветнам сипарӣ кунанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки беш аз 58 ҳазор низомии амрикоӣ дар тӯли ҷанги Ветнам кушта шудаанд ва аз замони поёни ин ҷанг дар соли 1975 мелодӣ, бисёре аз кӯҳнасарбозони амрикоӣ дар натиҷаи афзоиши мушкилоти иқтисодӣ ва бетаваҷҷӯҳии давлати Амрико ба Ветнам бозгаштаанд.

Лос-Анжелес Таймз дар идома навишт: Рушди иқтисодии сареъ дар Ветнам ва ҳамсоягонаш дар ҷануби шарқи Осиё, шароитеро ба вуҷуд оварда, ки дар гузашта қобили тасаввур набуд ва амрикоиҳои по ба син гузоштаи зиёде дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.