Рекорди бештарин қатлҳои ҷамъӣ дар Амрико дар соли 2019
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49521-Рекорди_бештарин_қатлҳои_ҷамъӣ_дар_Амрико_дар_соли_2019
Теъдоди қатли омҳо дар Амрико дар соли 2019 ба як рекорди ҷадид расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 29, 2019 15:33 Asia/Dushanbe
  • Рекорди бештарин қатлҳои ҷамъӣ дар Амрико дар соли 2019

Теъдоди қатли омҳо дар Амрико дар соли 2019 ба як рекорди ҷадид расидааст.

Ба гузориши Спутник, Амрико дар соли 2019 бештарин мавориди куштори ҷамъиро дар таърихи худ дошта, ки бештари онҳо аз тариқи тирандозӣ сурат гирифтааст.

Хотирнишон мешавад, ки дар соли 2019 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 41 мавриди қатлҳои дастаҷамъӣ рух додааст, ки мунҷар ба кушта шудани 4 нафар ё бештар аз он шудааст.

Дар миёни ин ҳамалот 33 маврид марбут ба тирандозӣ будааст.

Теъдоди кулли қурбониёни ин гуна ҳаводис, дар соли 2019 ба рекорди 211 нафар расидааст.