17 кушта дар паи ҳамлаи гурӯҳи "Толибон" дар наздикии марзи Тоҷикистон
(last modified Sun, 29 Dec 2019 15:24:12 GMT )
Декабр 29, 2019 20:24 Asia/Dushanbe
  • 17 кушта дар паи ҳамлаи гурӯҳи

Дар паи ҳамлаи гурӯҳи "Толибон" ба як посгоҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Тахор дар наздикии марзи Тоҷикистон, 17 нафар аз ин нерӯҳо кушта шудаанд.

Ба нақл сомонаи Спутник, бар асари ин ҳамла ҳамчунин 4 нерӯи давлатӣ захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ба гуфтаи намояндаи волии вилояти Тахори Афғонистон, ин ҳамла субҳи рӯзи якшанбе 29 декабри соли ҷорӣ анҷом шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия ҳамвора аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон дар наздикии марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ мекунанд.Аз ин рӯ, ҳамвора бар заррурати тақвияти марзҳо ва боло бурдани сатҳи омодагии нерӯҳои кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ, барои муқобила бо таҳаррукот бо гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон таъкид доранд.