Афзоиши ҷамъияти бехонумонҳо дар Италия
(last modified Sun, 29 Dec 2019 16:09:32 GMT )
Декабр 29, 2019 21:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷамъияти бехонумонҳо дар Италия

Идомаи бӯҳрони иқтисодӣ дар Италия мӯҷиби зуҳури насли ҷадиди бехонумонҳо дар ин кишвар шудааст.

Ниҳодҳои маданӣ ҳушдор медиҳанд, бисёре аз бесарпаноҳон дар Италия ба иллати коҳиши фурсатҳои шуғлӣ бекор шуда ва хонаву зиндагии худро аз даст додаанд ва дар хиёбонҳо зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, дар Италия ҳудуди 60 ҳазор бехонумон вуҷуд дорад, ки 17 ҳазор нафари онҳо дар шаҳри Рим, пойтахти ин кишвар ба сар мебаранд.

Бар асоси ин гузориш, дар якчанд соли ахир, шароити иқтисодӣ дар Италия шумори қобили таваҷҷӯҳе аз шаҳрвандони ин кишварро маҷбур кардааст, дар канори хиёбонҳо ва ё дар мошинҳои шахсии худ зиндагӣ кунанд.