Полиси Ҳинд мусулмононро ба ихроҷ таҳдид кард
Дар идомаи иқдомоти Ҳинд зидди мусулмонон полиси Ҳинд ононро ба ихроҷ аз кишвар таҳдид кард.
Ба нақл аз хабаргузории Тасним, полиси шаҳри Мерат дар иёлати Утарпрадаш муътаризонро таҳдид кард дар сурати идомаи тазоҳуроти зидди қонуни нави шаҳрвандӣ аз ҳақи зиндагӣ дар Ҳинд маҳрум ва ба Покистон фиристода мешаванд.
Суханони полиси шаҳри Мерат бо вокунишҳои сиёсатмадорони ҳиндӣ ҳамроҳ шудааст ва Приянка Гандӣ узви баландпояи Ҳизби конгира таъкид кард, тибқи Қонуни асосии Ҳинд ҳеҷ мақом ва масъуле ҳақ надорад ба шаҳрвандон тавҳин карда ва аз онҳо бихоҳад кишварашонро тарк кунанд.
Дар ҷанд рӯзи гузашта минтақаҳои мухталифи Ҳинд аз ҷумла Диҳлии Нав шоҳиди тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар эътироз ба тасвиби лоиҳаи эътои шаҳрвандӣ ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои амниятӣ буд.
Дар ин даргириҳо ҳудуди сӣ нафар аз муътаризон кушта ва садҳо нафари дигар низ дастгир шуданд.
Маҷлиси Сенати Ҳинд ахиран лоиҳаи нави эътои шаҳрвандиро тасвиб кард, ки бар асоси он ба муҳоҷироне, ки маҷбур ба фирор аз кишварҳои ҳамсоя (Бангладеш, Покистон ва Афғонистон) ба Ҳинд мешаванд тобеият ва ҳақи шаҳрвандӣ дода мешавад, аммо ин мавзӯъ шомили мусулмонон нахоҳад шуд.