Кушта шудани 10 хабарнигор дар Афғонистон дар соли 2019
(last modified Mon, 30 Dec 2019 07:19:39 GMT )
Декабр 30, 2019 12:19 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 10 хабарнигор дар Афғонистон дар соли 2019

Раиси Ниҳоди ҳимояткунандаи расонаҳои озоди Афғонистон эълом кард ба рағми коҳиши 42 дарсадии хушунат алайҳи хабарнигорон дар Афғонистон имсол 10 хабарнигор дар ин кишвар кушта шудаанд.

Ба нақл аз ИРНО, Муҷиб Халватгар рӯзи якшанбе дар нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, имсол 115 маврид хушунат алайҳи хабарнигорон сабт шудааст.

Вай афзуд, қатл, зарбу ҷарҳи хабарнигорон, мушкили молии расонаҳо ва дастрасӣ наёфтан ба иттилоот аз муҳимтарин чолишҳоест, ки хабарнигорон дар Афғонистон бо он ру ба ру ҳастанд.

Халватгар гуфт, дар соли гузашта мардуми Афғонистон шоҳиди 20 мавриди қатли кормандони расонаӣ буданд, аммо имсол ин рақам ба 10 маврид коҳиш ёфтааст.

Соли гузашта Афғонистон бадтарин кишвар барои амнияти хабарнигорон буд, ки дар он 20 хабарнигори афғон ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гирифта ва кушта шуданд.