Сенатори амрикоӣ: Террори дувумин фарди қудратманди Эрон оғози як ҷанги билқувваи минтақаӣ аст
(last modified 2020-01-03T12:27:53+00:00 )
Январ 03, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Сенатори амрикоӣ: Террори дувумин фарди қудратманди Эрон оғози як ҷанги билқувваи минтақаӣ аст

Намояндаи маҷлиси санои Амрико аз тавҷеҳи ироашуда тавассути Пентагон барои террори фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ интиқод кард.

Ба гузориши “Форс”, Крис Мурфи, намояндаи маҷлиси санои Амрико ба шиддат тавҷеҳи ироашуда тавассути Пентагон барои террори сардор Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ба боди интиқод гирифт.

Мурфи дар Твиттер навишт: “Сулаймонӣ душмани Иёлоти муттаҳида буд, дар ин шакке нест. Суол ин ҷо аст: оё Амрико бидуни муҷаввизи конгресс дувумин фарди қудратманд дар Эронро террор ва ба сурати дониста як ҷанги минтақаии билқувваро оғоз кардааст?”

Вазорати дифои Амрико дар баёнияе, ки пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ содир шудааст, муддаӣ шуда, ки ҳадафи аз ин ҳамла “ҷилавгирӣ аз ҳамалоти бештари Эрон” будааст.

Мурфи аз ин тавҷеҳ интиқод кардааст. Вай дар як паёми твиттерии дигар навишт: “Тавҷеҳи ироашуда барои ин террор “ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ояндаи эрониҳо” будааст. Як далел, ки мо умуман мақомҳои сиёсии хориҷиро террор намекунем, ин бовар аст, ки чунин иқдоме боиси кушта шудани амрикоиҳои бештаре мешавад, на амрикоиҳои камтар. Ин масъала бояд имшаб боиси нигаронии воқеӣ, мубрам ва амиқи мо бошад”.