Сулаймонӣ марди таъсиргузори Ховари Миёна муқобили сиёсатҳои Амрико буд
(last modified Sat, 04 Jan 2020 12:16:03 GMT )
Январ 04, 2020 17:16 Asia/Dushanbe
  •  Сулаймонӣ марди таъсиргузори Ховари Миёна  муқобили сиёсатҳои  Амрико буд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Наҷиб Борвар шоири саршинос ва тоҷиктабори Афғонистон дар вокуниш ба шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар Фейсбук навишт Амрико барои фаолиятҳои террористиаш иҷозатнома дорад, касоне, ки дар ин замина иҷозатнома надоранд ё онҳоро террор карда ё мустақиман ҳамлаи низомӣ мекунад.

Ин шоир ва фаоли фарҳангӣ афзудааст, кушта шудани қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд низ яке аз барномаҳои амрикоиҳо буд.Онон ба хотири стратегии дарозмуддати сиёсии худ дар Афғонистон натавонистанд вайро ошкоро бикушанд, балки иқдом ба террораш карданд.

Наҷиб Борвар зимни ҷинояткор хондани раиси ҷумҳури Амрико тасреҳ кард, Қосими Сулаймонӣ аз мардҳои таъсиргузори Ховари Миёна дар баробари сиёсатҳои яғмогаронаи амрикоиҳо буд.

Террори Қосими Сулаймонӣ тавассути Трамп як ҷинояти ошкор аст. Агар Созмони Миллал, Шурои амният ва додгоҳи Лоҳа, ҷаҳонӣ ва дар гарави амрикоиҳо нестанд бояд дар ин замина иқдом ба маҳкамаи Трамп кунанд.