Интиқоди Русия аз талоши Амрико барои тағйири мувозинаи қуво дар ғарби Осиё ва таҳдиди амнияти байналмилалӣ
(last modified 2020-01-05T06:31:48+00:00 )
Январ 05, 2020 11:31 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз талоши Амрико барои тағйири мувозинаи қуво дар ғарби Осиё ва таҳдиди амнияти байналмилалӣ

Иқдомоти Амрико дар минтақаи ғарби Осиё бавижа афзоиши қобили мулоҳизаи ҳузури низомӣ, ташдиди фишорҳо алайҳи Эрон ва билохира анҷом додани иқдомоти террористӣ, бавижа террори генерал Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон, Абу Маҳдӣ ал Муҳандис, муовини Ҳашдуш-Шаъбӣ ва ҳамроҳони ин ду, вокуниши шадиди Русияро ба унвони яке аз бозигарони муҳимми ғарби Осиё барангехтааст.

Дар ин росто Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа бо маҳкум кардани террори генерал Сулаймонӣ эълом кард, Вашингтон ба думболи тағйири тавозуни қудрат дар минтақаи ғарби Осиё аст. Вай ин иқдомро авҷи бадгумонӣ ва манфинигарии Амрико тавсиф кард. Маскав мӯътақид аст, ки Амрико аз масъалаи тазоҳурот дар муқобили сафорати ин кишвар дар Бағдод ба монанди баҳонае барои иқдомоти ғайриқонунии худ ба хусус террори генерал Сулаймонӣ сӯиистифода кардааст.

Ба гуфтаи Захарова, барои маҳкум кардани ҳамалот ба сафоратхона, давлатҳо ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шикоят мекунанд. Вашингтон ҳеҷ шикояте ба Шӯрои амният надод ва ин яъне фақат ба думболи вокуниши ҷаҳониён буда ва ба думболи тағйири мувозинаи қуво дар минтақа аст. Нуктаи муҳим инки мӯътаризони ироқӣ, ки ба бахшҳое аз сафорати Амрико ворид шуданд, ин иқдомро дар эътироз ба иқдоми ҷинояткоронаи Вашингтон дар ҳамла ба пойгоҳҳои Ҳашдуш-Шаъбӣ дар устони ал Анбор анҷом доданд. Дар воқеъ давлати Трамп бо вуҷуди инки медонад, ки Ҳашдуш-Шаъбӣ бахше аз нирӯҳои мусаллаҳи Ироқ аст ба баҳонаҳои воҳӣ ва бидуни доштани мадраке, онро муттаҳам ба ҳамла ба пойгоҳи Амрико дар Каркук ва кушта шудани як паймонкори амрикоӣ кард ва ин ҳамлаи ваҳшиёнаро анҷом дод, ки даҳҳо шаҳид ва маҷрӯҳ бар ҷо гузошт. Дар марҳалаи баъд низ давлати Трамп ба баҳонаи инки генерали шаҳид Сулаймонӣ, қасди тарроҳии ҳамалоте алайҳи амрикоиҳо ва таъсисоти Амрико дар Ироқро дошта, вай ва ҳамроҳонашро ба сурати ноҷвонмардонае террор кард.

Сергей Лавров дар гуфтугӯи телефонӣ бо Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико дар вокуниш ба ин иқдом таъкид кард, ки террори генерал Қосими Сулаймонӣ нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.

Масъала дигаре, ки дар пайи иқдоми ваҳшиёна ва ғайриқонунии Амрико дар террори генерал Сулаймонӣ аз ҷониби Русия матраҳ шуда, таъсири манфии он бар сохтори амнияти байналмилалӣ аст. Вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе бо ишора ба хадамоти генерал Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нирӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Ироқ ва Сурия, террори вайро мӯҷиби муташанниҷ шудани авзои сиёсӣ ва низомӣ дар минтақаи ғарби Осиё ва таъсири манфӣ бар сохтори амнияти байналмилал арзёбӣ кард.

Дар баёнияи вазорати дифои Русия тасреҳ шуда: “Террори генерал Сулаймонӣ тавассути Амрико мунҷар ба муташанниҷ шудани авзои сиёсӣ ва низомӣ дари ғарби Осиё хоҳад шуд ва бар кулли сохтори амнияти байналмилалӣ таъсири манфӣ мегузорад. Иқдомоти кӯтаҳбинонаи Амрико, ки бо қатли генерал Сулаймонӣ мутаҷалӣ(ошкор,намоён) шудааст, мунҷар ба муташанниҷ шудани авзои ин минтақа хоҳад шуд".

Русия борҳо сиёсати Амрико дар ғарби Осиёро мавриди интиқод қарор дода ва онро мӯҷиби бусаботӣ, афзоиши танишҳо ва бурузи даргирӣ дар ин минтақа донистааст. Амрико бо хурӯҷи якҷониба аз БарҶом дар майи 2018 сиёсати фишори ҳаддиаксариро алайҳи Эрон дар пеш гирифта, ки яке аз мавориди муҳимми он ба сифр расондани содироти нафти Эрон аст. Таҳримҳои иқтисодии бесобиқа ва фишорҳои Вашингтон мӯҷиби афзоиши таниш байн ду кишвар шуда, ки аз ҷумлаи паёмадҳои он афзоиши танишҳо дар тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс будааст. Акнун Амрико омидона бо ҳамла ба пойгоҳҳо ва нирӯҳои Ҳашдуш-Шаъбӣ дар Ироқ ва террори ноҷавонмардонаи генерал Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ ал Муҳандис қасд дорад то ба заъми худ бо иқдомоти таҳрикомез, минтақаро вориди марҳилаи ҷадиде аз даргирӣ кунад. Дар воқеъ давлати Трамп аз замоне, ки рӯи кор омада, коре ҷуз афзоиши бесуботӣ дар арсаи байналмилалӣ ва бурузи ноамнӣ дар минтақаи ғарби Осиё анҷом надодааст.

 

Барчасп