Январ 07, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Рааб: Нигарони вуқӯи як ҷанги густарда ҳастем

Вазири умури хориҷии Англия бо баёни ин ки “ба дунболи коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна ҳастем”, дар бораи вуқӯи як ҷанги густарда ҳушдор дод.

Доминик Рааб, вазири умури хориҷии Англия дар ҷадидтарин мавзеъгирии худ дар бораи танишҳои ахир дар ғарби Осиё баъд аз террори сардор Қосими Сулаймонӣ тавассути низомиёни террористи амрикоӣ гуфт: “Мо ба дунболи коҳиши танишҳо дар минтақаи ғарби Осиё ҳастем ва бояд як масири дипломатӣ дар иртибот бо Эрон пайдо кунем”. Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки “нигаронии мо вуқӯи як ҷанги густурда дар Ховари Миёна аст”.

Вузарои умури хориҷии кишварҳои аврупоӣ, шомили Италия, Фаронса, Олмон ва Англия қарор аст, имрӯз дар бораи Эрон ташкили ҷаласа диҳанд.

Мақомоти аврупоӣ тайи рӯзҳои гузашта бидуни маҳкум кардани иқдоми террористии Амрико дар террори сардор Қосими Сулаймонӣ дар Бағдод хостори коҳиши танишҳо дар минтақа шуда ва бархе аз онҳо, аз ҷумла Фаронса аз Эрон дархост кардаанд, ба ин ҳамлаи Амрико вокунише нишон надиҳад.

 

Барчасп