Январ 08, 2020 22:18 Asia/Dushanbe
  • Суқути як болгарди артиши Афғонистон

Як фарванд болгарди артиши Афғонистон суқут кард.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, ки як болгарди нерӯҳои артиши ин кишвар рӯзи чаҳоршанбе дар асари нақзи фаннӣ дар устони Фароҳ суқут кардааст.

Вазорати дифои Афғонистон имрӯз, чаҳоршанбе бо судури иттилоияе афзуд, болгард аз маркази Фароҳ ба тарафи шаҳристони Пурчаман дар ҳоли парвоз буд, ки дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард. Дар асари ин ҳодиса ду халабони ин болгард ҷон бохтанд.

Ин аввалин суқути болгарди артиши Афғонистон дар соли 2020 мелодӣ аст. Дар соли гузашта низ чанд болгарди нерӯҳои артиши Афғонистон суқут кард ва ҳодисаи болгардҳои артиш яке аз чолишҳои муҳим дар Вазорати дифои Афғонистон аст.

То кунун ҷузъиёти бештаре дар мавриди ин ҳодиса мунташир нашудааст.

 

 

 

 

 

Барчасп