Нигаронии мақомоти чинӣ аз паҳн шудани вируси ношинохта
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49857-Нигаронии_мақомоти_чинӣ_аз_паҳн_шудани_вируси_ношинохта
Пас аз ибтилои 50 нафар дар Чин ба як бемории муштарак, мақомоти ин кишвар аз паҳншавии вируси ношинохта ибрози нигаронӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 10, 2020 16:02 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мақомоти чинӣ аз паҳн шудани вируси ношинохта

Пас аз ибтилои 50 нафар дар Чин ба як бемории муштарак, мақомоти ин кишвар аз паҳншавии вируси ношинохта ибрози нигаронӣ карданд.

Ин вирус дар моҳи декабр 50 нафарро дар шаҳри Вуҳан, дар маркази Чин бемор кардааст.

Бар асари ин беморӣ, ки бо аломатҳои танаффусӣ ҳамроҳ аст то кунун касе фавт накарда, аммо вазъияти ҳафт тан аз беморон вахим эълом шудааст.

Ин беморӣ мақомоти беҳдоштии Чинро дар мавриди зуҳури дубораи бемории сорс (sars) нигарон кардааст.

Бемории сорс дар соли 2002 паҳн шуд ва дар камтар аз як сол боиси марги 774 нафар дар сӣ кишвари ҷаҳон шуд.