Январ 12, 2020 19:23 Asia/Dushanbe
  • Чин аз бузургтарин киштии ҷангии худ баҳрабардорӣ кард

Нерӯи дарёии Чин аз бузургтарин ва пешрафтатарин киштии ҷангии худ, ки 180 метр тӯл ва 110 ҳазор тонна вазн дорад, баҳрабардорӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, нерӯи дарёии Чин рӯзи якшанбе бузургтарин ва пешрафтатарин киштии ҷангии бумии худро ба об андохт.

Ин киштии новшикани 10000 тоннагӣ, ки 180 метр тӯл дорад, "Нон Ҷонг" ном дорад ва метавонад қудрати нуфузи Чин дар минтақаи ғарби уқёнуси Оромро афзоиш диҳад.

Ин киштии ҷангӣ метавонад ҳомили 112 мушак аз анвои зиддиҳаво, замин ва ҳатто зиддизердарёӣ бошад.

Чин дар ҳоле имрӯз нови бумиро вориди новгони худ карда, ки дар солҳои ахир мизони таниш дар минтақаи дарёи Чини ҷанубӣ афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп