Норизоятии ниме аз амрикоиҳо аз наҳваи таомули Трамп бо Эрон
Ниме аз амрикоиҳо аз наҳваи таомули Трамп бо Эрон норозӣ ҳастанд.
Ба гузориши “Форс”, назарсанҷии ҷадиде, ки дар Иёлоти Муттаҳида баргузор шуда, нишон медиҳад, теъдоди зиёде аз амрикоиҳо аз наҳваи таомули Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар бо мавзӯоти муртабит бо Эрон норозӣ ҳастанд.
Тибқи ин назарсанҷӣ, ки ба сурати муштарак тавассути шабакаи радиоии Эн Пи Эр, шабакаи телевизионии Пи Би Эс ва муассисаи таҳқиқотии “Мурист” анҷом шуда, 49 дарсад аз мардуми Иёлоти Муттаҳида равиши бархурди Трамп бо Эронро таъйид намекунанд.
Дар муқобил, ҳудуди 42 дарсад аз амрикоиҳо низ аз рафтори Трамп нисбат ба Эрон розӣ ҳастанд.
Ба навиштаи вебгоҳи Эн Пи Ор, ин назарсанҷӣ ҳамчунин мизони ризоияти мардуми Иёлоти Муттаҳида аз раёсатҷумҳурии Трампро низ санҷида, ки бар асоси он 53 дарсад аз амалкарди вай норозӣ ва 41 дарсад розӣ ҳастанд.
Дар бахши нигариши амрикоиҳо дар бораи истезоҳи Трамп дар сенат мизони оро тақрибан яксон аст ва мувофиқону мухолифони истезоҳ ҳар ду дар 47 дарсад қарор доранд.
Пештар низ назарсанҷии дигаре баёнгари он буд, ки беш аз ниме аз мардуми ин кишвар террори сардор шаҳид Сулаймонӣ ба дастури раисҷумҳури Амрикоро мусаббиби ноамнтар шудани Иёлоти Муттаҳида медонанд.