Таҳвили бандҳои истизоҳи Трамп ба Сано
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50036-Таҳвили_бандҳои_истизоҳи_Трамп_ба_Сано
Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико расман бандҳои истизоҳи Трампро таҳвили Сано дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 16, 2020 08:42 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили бандҳои истизоҳи Трамп ба Сано

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико расман бандҳои истизоҳи Трампро таҳвили Сано дод.

Ба нақл аз Форс, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ҳангоми имзои бандҳои истизоҳи Трамп гуфт ; Имрӯз мо таърихсоз мешавем. Ҳеҷкас мофуқи қонун нест.

Расонаҳои Амрико гузориш додаанд Маҷлиси Сано ҷаласаи додгоҳи истизоҳро сешанбеи ҳафтаи оянда баргузор хоҳад кард.

Маҷлиси намояндагони Амрико бомдоди 28 озармоҳ бо аксарияти оро ҳар ду банди қатъномаи истизоҳи Доналд Трампро ба тасвиб расонд то Ӯ севвумин раиси ҷумҳури таърихи Амрико лақаб бигирад,ки истизоҳ мешавад.

Аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико дар ду марҳала бар сари ин ду банд райгирӣ карданд. Ибтидо банди Суиистифода аз қудрат ба рай гузошта шуд ,ки бо 230 райи мувофиқ ва 197 райи мухолиф мавриди мувофиқат қарор гирифт.

Қонунгузорони Маҷлиси намояндагони Амрико дигар банди ин қатънома ,ки ба иттиҳоми мумониат адр таҳқиқоти Кунгра марбут мешавадро низ ба тасвиб расонданд. Ин банд бо 229 райи мусбат ва 198 райи манфӣ ба тасвиб расид.

Пеш аз ин низ Кумитаи қазоияи Маҷлиси намояндагони Амрико , суиистифода аз қудрат ва монеътарошӣ дар таҳқиқоти Кунграро ба унвони ду банди истизоҳи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико тасвиб карда буд.