Январ 20, 2020 10:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Карзай аз мухолифати давлати Афғонистон бо тарҳи коҳиши хушунати Толибон

Раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, таъкиди давлат бар барқарории оташ бас монеи оғози музокироти сулҳи байни афғонӣ мешавад.

Ба нақл аз Ово, Ҳомид Карзай рӯзи якшанбе афзуд, давлати Ашраф Ғанӣ набояд ба баҳонаи оташ бас монеи оғози гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонӣ шавад.

Вай таъкид кард, тарҳи коҳиши амалиёти низомӣ дар Афғонистон аз сӯи Толибон дар музокирот бо Амрико мавзӯи бисёр муҳиме аст, ки бо пазируфтани он аз сӯи давлати Кобул метавон ба поёни ҷанг наздик шуд.

Толибон бо тарафи амрикоӣ тавофуқ кардааст, то дар рӯзҳои ахир пеш аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ, амалиёти низомии худро дар Афғонистон барои хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар коҳиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон бо тарҳи коҳиши хушунат комилан мухолиф аст ва барқарории оташ басро шарти оғози гуфтугӯҳои байни афғонӣ медонад.

Барчасп