Январ 20, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Фаолони зидди ҷанг: таҳримҳо ҷинояти ҷангӣ аст

Ширкаткунандагон дар нишасти ёдмони наслкушӣ дар Лондон, таҳримҳо аз ҷумла сиёсатҳои Амрико дар ин заминаро навъе ҷинояти ҷангӣ донистанд.

Ба нақл аз ИРНО, дар нишасте, ки бо ҳузури андешмандон, таҳлилгарони масоили сиёсӣ, фаолони зидди ҷанг ва мудофеи ҳуқуқи башар ва асҳоби расона дар Лондон баргузор шуд, суханронон, таҳримҳоро василае барои таҳкими султаи қудратҳои ампериалистӣ тавсиф карданд.

Профессор Саид Хон устоди донишгоҳ аз Детройти  Мичиган , наслкушии Амрико дар Ироқ пас аз сарнагунии Саддом диктатори эъдомшудаи ин кишвар ишора кард.

Профессор Рамон Гросфогел устоди донишгоҳи Беркли низ гуфт, Амрико ва режими саҳюнистӣ баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум аз ибрози таҳрим бештарин истифодаро барои наслкушӣ кардаанд, аммо ҳаргиз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муҷозот ё маҳкум нашудаанд.

Гросфогел  ҳамчунин асри ҳозирро асри Амперялизми дуздона номид, ки дар он Амрико барои муҷозот ва дар ҳам кубидани муқовиматҳои зидди истеъморӣ аз механизми таҳрим, таварруми густарда, беарзиш кардани пули миллӣ, эҷоди камбуди дору ва ғизо ва таҳмили қаҳтӣ истифода мекунад.

Ёдмоне вижаи маҳкум кардани наслкушӣ ба ибтикори Комиссияи ҳуқуқи башари исломии Британия аз соли 2010 то кунун ҳар сол авохири моҳи январ дар Лондон баргузор мешавад.

Дар нишасти январи 2020, ширкаткунандагон дар бораи мавзӯи наслкушӣ аз тариқи таҳрим сухан гуфта ва ба таври вижа намунаҳои Эрон ва Венесуэларо баррасӣ карданд.

Барчасп