Январ 20, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Паҳн шудани вируси асроромез дар Чин

Вируси бемории асроромезе, ки шабоҳати зиёде ба зотурия (пневмония) дорад, ба тадреҷ дар шаҳрҳои мухталифи Чин паҳн шудааст.

Ба нақл аз ИРНО, ин беморӣ аз шаҳри Вухан дар маркази Чин оғоз шуд, аммо ҳоло ахбори дарёфтӣ нишон медиҳад, ки камаш чандин нафар дар шаҳрҳои Шенжен дар ҷануб, Шанхай дар шарқ ва Пекин дар шимоли Чин ба он олӯда шудаанд ва тозатарин омор нишон медиҳад, ки шумори мубталоёни ин беморӣ дар саросари Чин ба 198 нафар афзоиш ёфтааст.

Мақомоти Вухан ҳамчунин гуфтанд теъдоди ашхосе, ки дар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд, ба 3 тан расидааст ва 9 тани дигар дар шароити буҳронӣ ба сар мебаранд.

Ҳамзамон аз Тайланд ҳам хабар мерасад, ки ду гардишгари чинӣ ба ин вируси тоҷишакл олӯда шудаанд.

Дар Жопон низ як шаҳрванди чинӣ ба ин беморӣ мубтало шудааст; Тайван, Гонконг ва ҳамчунин кишварҳои Сингапур, Непал ва Ветнам аз назорат бар чандин нафар хабар додаанд, ки зоҳиран ба ҳамин вирус олӯда ҳастанд.

Коршиносон ва пизишкон мегуянд аввалин мубталоён дар Вухан  дар бозори маҳсулот ва тавлидоти ҷонварони дарёӣ ба ин вирус мубтало шудаанд.

Пешбинӣ мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба паҳншавии ин беморӣ бештари ҷамъияти Чин дар давраи таътилоти Соли нави чинӣ, ки аз рӯзи ҷумъа оғоз мешавад, ба сафар бираванд.

 

Барчасп