Мақоми рус: Амрико он рӯйи сиккаи фишор бар Эронро намебинад
Намояндаи доими Русия дар Ожонси Байналамилалии Энержии Атомӣ гуфт, сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико сабаби коҳиши маҳдудиятҳои барномаи ҳастаии Эрон шуд.
Ба гузориши ИРНА, Михаил Улянов рӯзи сешанбе дар ҳисоби худ дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер” навишт: “Браян Ҳок, масъули гурӯҳи вижаи умури Эрон дар Амрико бо ифтихор аз таъсироти тахрибии сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ бар иқтисоди Эрон сухан мегӯяд, аммо аз ёд бурда, ки дар натиҷаи чунин сиёсате маҳдудиятҳои барномаи ҳастаии Эрон ба шиддат коҳиш ёфтааст”.
Браян Ҳок, масъули гурӯҳи вижаи умури Эрон дар Вазорати умури хориҷии Амрико ҷумъаи гузашта, 17 январ эътироф кард, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз аврупоиҳо хостааст, то БарҶОМ-ро тарк кунанд ва ба тавофуқи ҷадиде бипайванданд. Ҳок бидуни ишора ба паёмади таҳримҳои зиддиэронии Амрико ҳатто дар ҷилавгирӣ аз таъмини маводи ғизоӣ ва доруӣ ибрози хурсандӣ кард, ки бар асари таҳримҳои Амрико, ба иддаои вай, 80 дарсад фурӯши нафти Эрон коҳиш ёфтааст.
Се кишвари аврупоии БарҶОМ 14 январ дар тасмиме бо пайравӣ аз Амрико, бо баҳона кардани иқдоми қонунӣ ва мутақобили Эрон барои коҳиши гом ба гоми тааҳҳудоти барҷомии худ механизми ҳалли ихтилофи ин тавофуқро барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон фаъол карданд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе, 21 январ бо ишора ба рафтори номуваҷҷаҳ ва ғайриқонунии аврупоиҳо дар қиболи БарҶОМ эълом кард, агар парвандаи Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ирҷоъ шавад, хурӯҷи Теҳрон аз Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ матраҳ хоҳад буд.