Эътирофи дерҳангоми Пентагон ба афзоиши талафоти интиқоми мушакии Эрон
Вазорати дифои Амрико Пентагон, дар вокунише дерҳангом, ба афзоиши талафоти интиқоми мушакии Эрон эътироф кард.
Ба нақл аз рӯзномаи Вашингтон Пост, дар ҳафтаи баъд аз он, ки давлати Амрико иддао кард, ҳеҷ низомии ин кишвар дар интиқоми мушакии Эрон осеб надидааст, Пентагон рӯзи сешанбе ба захмӣ шудани шумори зиёдтаре аз ин низомиён эътироф ва эълом кард, илова бар 11 низомии амрикоӣ, ки ахиран эълом шуд, дар ҳамлаи мушакии Эрон ба "Айнуласад" захмӣ шудаанд, низомиёни дигаре ҳам барои дармон ба хориҷ аз Ироқ интиқол ёфтаанд.
Мақомҳои артиши террористии Амрико низ гуфтаанд, шумори дигаре аз захмиҳо ба маркази минтақавии "Ландстол" дар Олмон мунтақил шудаанд.
Созмони террористии ситоди фармондеҳии марказии Амрико "Сентком" низ эълом кард: Мушаххас шудааст, ки шумори бештаре аз нерӯҳои низомии амрикоӣ захмӣ шудаанд.