Амрико судури визаро барои қирғизистониҳо ҳам маҳдуд кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50217-Амрико_судури_визаро_барои_қирғизистониҳо_ҳам_маҳдуд_кард
"Уолл Стрит Ҷорнал" аз барномаи ҷадиди маҳдудияти судури визаи Амрико барои атбои Қирғизистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 22, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Амрико судури визаро барои қирғизистониҳо ҳам маҳдуд кард

"Уолл Стрит Ҷорнал" аз барномаи ҷадиди маҳдудияти судури визаи Амрико барои атбои Қирғизистон хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар нишасте хабарӣ барномаи маҳдудиятҳои судури виза баро атбои Қирғизистонро эълом кард, аммо дар бораи ҷузъиёти ин барнома сухан нагуфт.

Бар асоси ин гузориш, вуруди атбои қирғиз ба Амрико фақат шомили бархе визаҳо хоҳад шуд.

Қарор аст ғайр аз Қирғизистон, маҳдудиятҳои визавии ҷадид нисбат ба Беларус, Миянмар, Нигерия, Судон, Танзания ва Эритрея низ эъмол шавад.